Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба ҳолати 30 июни соли 2026 дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви Хазина 43 ташкилоти қарзӣ шомил буда, аз он 16 адад ба бонкҳо ва 27 адад ба ташкилотҳои амонатии қарзии хурд рост меояд.
Шумораи умумии ташкилотҳои қарзии узви Хазина нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 6 адад зиёд гардидааст.
Бояд қайд кард, ки иштирок дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо маънои онро дорад, ки суратҳсобҳои амонату пасандози шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина суғурта гардида, таҳти ҳимояи давлатӣ қарор доранд.
Шумо метавонед бо рӯйхати пурраи ҳамаи иштирокчиёни низоми суғуртаи амонату пасандозҳо тавассути истиноди зерин дар сомонаи расмии мо шинос шавед: https://dif.tj/baroi-pasandozdoron/fehristi-tashkilothoi-karzii-uzvi-khazina/

Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина | FAQs
| Тамос