Аз 20 то 23 майи соли ҷорӣ дар доираи амалӣ гардидани медиакампанияи даврӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иттилоотонии омма доир ба масъалаҳои суғуртаи амонату пасандозҳо, аз ҷониби Хазина барои масъулини ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина ва филиалҳои онҳо дар марказҳои минтақаҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ғарм) чорабиниҳои ташвиқотию иттилоотӣ гузаронида шуданд.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади иҷрои вазифаҳои зерин равона гардиданд:
Иттилоотонии кормандон: Расонидани маълумоти зарурӣ ба кормандони сарбонкҳо ва филиалҳои минтақавии ташкилотҳои қарзӣ оид ба нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо;
Таъминоти маводҳои нави таблиғотӣ: Тақсим ва ҷойгиркунии буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва нишони (эмблемаи худчасп) узвият дар Хазина (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).
Дар чорабинии мазкур дар маҷмуъ 48 филиалҳои минтақавии ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина фаро гирифта шуданд.
Вохӯрӣ бо зиёда аз сад кормандони саридора ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни он ба диққати иштирокчиён оид ба фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, объекти ҳатмии суғурта ва пасандоздорони суғурташаванда, андоза ва тартиби пардохти ҷубронпулӣ ҳангоми фарорасии ҳолати суғуртавӣ маълумот дода шуд.
Ба иштирокчиён зарурати ҳатмии пешниҳоди маводҳои иттилоотӣ ба мизоҷон, бахусус ҳангоми бастани шартномаҳои кушодани суратҳисобҳои амонату пасандоз таъкид карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Хазина ба саридораи бонкҳо ва филиалҳо маводҳои чопшудаи таблиғотӣ-иттилоотӣ (буклет, варақаи иттилоотӣ ва эмблемаҳои худчаспи Хазина) барои ҷойгиркунии онҳо дар ҷойҳои намоён ва барои пасандоздорон дастраси ташкилоти қарзӣ (дар хазинаҳои амалиётӣ, лавҳаҳои иттилоотӣ ва даромадгоҳи бино), тақсим карда шуданд.
Мулоқотҳои мустақим нишон доданд, ки сатҳи дониши асосии кормандони филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар бораи механизми ҳимояи пасандозҳо қаноатбахш аст. Дар навбати худ, кормандони ташкилотҳои қарзӣ қайд карданд, ки шаклҳои навшудаи брошюра ва варақаҳо бо маълумоти муфассали худ, раванди фаҳмондадиҳӣ ва пешниҳоди маълумотро ба мизоҷон хеле осон мекунад.
Чорабиниҳои минтақавии гузаронидашуда имкон дод, ки ҳамкориҳои мустақими Хазина ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина дар минтақаҳо тақвият ёфта, сатҳи иттилоотонӣ ва маърифати аҳолӣ оид ба фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо минбаъд низ баланд бардошта шавад.
















Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина↗ | FAQs↗ | Тамос↗