РӮЗИ МОДАР МУБОРАК БОШАД!

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК БОШАД!

Модарону бонувони азиз!

Хазинаи суғуртаи амонату  пасандозҳои Тоҷикистон шуморо ба муносибати Рӯзи Модар – 8 март  самимона табрик менамояд!

Ин рӯз саршор аз меҳру муҳаббат, қадрдонӣ ва эҳтироми беандоза нисбат ба хирадмандӣ, ғамхорӣ ва муҳаббати бепоёни шумост. Маҳз шумо пояи некуаҳволии оиларо бунёд намуда, ба фарзандон эҳтиёткорӣ нисбат ба фардо, масъулиятшиносӣ ва боварӣ ба ояндаро меомӯзонед.

Дастгирии модар беҳтарин сармоягузорӣ ба ҳаёти ҳар як инсон аст. Бигзор дар хонаҳои шумо ҳамеша сулҳу оромӣ ва фаровонӣ ҳукмфармо бошад, дар дилҳоятон — осоиштагӣ ва дар зиндагӣ — боварӣ ба фардои дурахшон.

Ба шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, муҳаббат ва саодат таманно дорем!

Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: