Санаи 18-уми сентябри соли 2025 вохӯрии раиси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) Асоев М.Қ. бо намояндаи доимии навтаъини Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гази Шбайкат, иқтисодчиёни намояндагии ХБА дар Тоҷикистон Чиниев Ҷ. ва Менлашева Н. баргузор гардид. Раиси Хазина ташрифи ҷаноби Шбайкатро ба Хазина хайрамақдам гуфта, ӯро бо таъин гардидан ба вазифаи намояндаи доимии ХБА табрик намуд.
Мақсади вохӯрии мазкур аз шиносоӣ бо Хазина ва ба роҳмонии муносибатҳои кории тарафайн иборат буд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба мақсад ва вазифаҳои Хазина, ҳолати ҷории низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва нишондиҳандаҳои асосии он, ҷуброни маблағҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои муфлисшуда, ҳамкории Хазина бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ, сохтори сандуқи сармоягузории Хазина, тағйиротҳои воридшуда ба қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ, ҳамкории Хазина бо Бонки миллии Тоҷикистон ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Хазина ҳамчун ниҳоди ваколатдор ҷиҳати таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо фаъолияти худро тибқи қонунгузорӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монда истодааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси Хазина ба ҳайати намояндагии ХБА дар ҶТ барои ба Хазина ташриф овардан ва мулоқоти муфид анҷом додан изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина дар доираи ҳамкориҳои ХБА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти минбаъдаи худро баҳри тақвияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳои ҳамоҳанг хоҳад кард.


Маълумоти бештар: Дар бораи Хазина↗ | FAQs↗ | Тамос↗