Тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди маълумот ба пасандоздорон оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” таҳия гардида, тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ – узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба пасандоздорон пешниҳод намудани маълумот оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳоро муқаррар менамояд.
Тартиби мазкур аз ҷониби Хазина бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии пасандоздорон ва саводнокии молиявии аҳолӣ оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, инчунин таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд раванди маълумотдиҳӣ ва пешниҳоди ахбороти дахлдорро оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва иштироки худро дар он ба пасандоздорони (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) маблағҳояшон суғурташаванда ва аҳолӣ (мизоҷон) тибқи талаботи Тартиби мазкур дар шакли муайян саривақт ва ба таври дақиқу дастрас ба роҳ монанд.