12-13 сентябри соли 2011 дар шаҳри Алмато чорумин маҷлиси солонаи Кумитаи Авруосиёгии минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии низоми суғуртаи пасандозҳо (АБСП) ва инчунин семинар бахшида ба “Усулҳои танзими ноустувории молиявии бонкҳо ва пардохти чубронҳои кафолатӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони беш аз 50 ташкилотҳои суғуртаи пасандозҳои Созмони мамлакатҳои мустақил ва инчунин Полша, ИМА, Швейтсария иштирок намуданд. Дар назди иштирокчиён бо сухани ифтитоҳӣ котиби генералиии АБСП Карлос Изоард, муовини Раиси Бонки миллии Қазоқистон Данияр Акишев, Раиси Кумитаи Авруосиёгии минтақавии АБСП Бахит Маженова баромад карданд.
Дар маҷлиси солона ва семинари Кумитаи Авруосиёгии минтақавӣ Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Ҳакимов Абдувосе Абдурахмонович баромад карда, ҳозиринро бо низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон шиносоӣ намуд.
Дар маҷлис масъалаҳои асосӣ ба вазъи кунунӣ, мушкилиҳо ва равандҳои инкишофи суғуртаи пасандозҳо дар минтақаи авруосиё бахшида шуда буданд. Иштирокчиён аҳамияти ҳамкории байнидавлатиро дар такмилдиҳии низоми кафолати пасандозҳо муҳим шуморида, қайд карданд, ки чӣ хеле аз таҷриба бармеояд, ин иқдом дар ҳолати бӯҳрони молиявӣ барои таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии бисёр кишварҳо аҳамияти калонро бозидааст.