Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони суғурташудаи ташкилоти қарзии муфлисшудаи ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” оғоз менамояд

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ  иттилоъ медиҳад, ки санаи 15 апрели соли 2016 пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони суғурташудаи ташкилоти қарзии муфлисшудаи  ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” (ш. Хуҷанд, вилояти Суғд) оғоз менамояд.

Қабули ариза ва пардохти ҷубронпулии суғурта  дар филиали №23-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ш. Хуҷанд амалӣ карда мешавад, ки  он аз номи Хазина ба сифати бонк-агент амал менамояд.

Маълумоти иловагӣ дар бораи пардохти ҷубронпулии суғуртаро, метавонед тавассути телефони Хазина (+992) 44 600 32 45 дастрас намоед.