Санаи 23 ноябри соли 2016 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии роҳбарияти Хазина бо намояндагони гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи кӯмаки техникии бахши молиявӣ бо ҷаноби Тим де Ваан (мутахассиси бахши моливӣ) ва ҷаноби Энгин Акчакоса (мушовир оид ба назорати бонкӣ) баргузор гардид.
Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба меҳмонон оиди фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маълумот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 51 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазина як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид, ки раванди пардохти саривақти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон таъмин менамояд. Аз ҷониби намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ оиди баррасии заминаҳои ташкили кумитаи байниидоварии суботи молиявӣ ва иштироки Хазина дар он маълумот дода шуд.
Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хакимов А.А. ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо Бонки ҷаҳонӣ баҳри таъмини суботи молиявӣ дар кишвар идома хоҳад дод.