Санаи 9 октябри соли 2017 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии Раиси Хазина Ҳакимов А.А. бо намояндаи шикарти Deloitte Consulting LLP ҷ-би Вернон Маккинли (мутахассис дар соҳаи хавфи бонкӣ) баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯри дар масоили хавфҳо дар низоми бонкӣ ва таъсири он ба пасандозҳои бонкӣ мубодилаи афкор баргузор гардид. Раиси Хазина меҳмонро бо вазифа ва фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шинос намуд. Дар навбати худ ҷ-би Вернон Маккинли изҳор намуд, ки шикарти Deloitte Consulting LLP бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ ният дорад, ки баҳодиҳии хавфҳо дар низоми бонкиро амалӣ намояд ва саҳми Хазина барои кам намудани таъсири хавфи бӯҳрони молиявь ба низоми бонкиро хеле назаррас мешуморад.
Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ва ҷ-би Вернон Маккинли масълаи ҳамкории минбаъда дар самти кам намудани хавфҳо дар низоми бонкиро баррасӣ намуданд.