Ташрифи навбатии коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазина

Аз 1 то 5 апрели соли 2019 дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ташрифи навбатии коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Россен Николов ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) баргузор гардид. Мақсади ин ташриф аз татбиқи қисматҳои навбатии лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат буда, дар рафти он масъалаҳои марбут ба пурзӯр намудани иқтидор ва устувории молиявии Хазина мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни ҳузури худ коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷ-би Россен Николов бо кормандони Хазина масъалаи таҳияи тартиби механизми маблағгузории касри Хазина, омодагии Хазина ба ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, баҳодиҳии андозаи ниҳоӣ ва сатҳи ақали захираҳои Хазина арзёбӣ гардид, ки нисбати ҳар яки он бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тавсияҳои мушахасс пешкаш карда шуд.