Ҷиҳати таъмини шаффофият ва маълумотдиҳӣ дар раванди фаъолияти доимии корӣ, маводи таҳлилӣ-итттилоотии Хазина – “Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо” мунтазам омода ва пешниҳод карда мешавад. Дар Шарҳи вазъи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар семоҳаи сеюми соли 2024 маълумоти мухтасар оид ба иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, сохтор ва ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда, шумораи пасандоздорони суғурташуда ва ҳиссаи пасандоздорони пурра суғурташуда, уҳдадории суғуртавии Хазина ва суръати афзоиши он оварда шудааст. Инчунин, дар шарҳи мазкур оиди ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, дороиҳои Хазина ва раванди сармоягузории онҳо, фаъолияти ташвиқот ва робита бо ҷомеа дар давраи ҳисоботӣ, маълумоти зарурӣ дарҷ карда шудааст.
Барои маълумот:
- Маркази тамос: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@idif.tj
- Сомонаи Хазина: www.dif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/IDIFtj