Ба ҶДММ ТАҚХ «Оксус» тасдиқномаи узвият дар Хазина дода шуд

Ба ҶДММ ТАҚХ «Оксус» тасдиқномаи узвият дар Хазина дода шуд

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Оксус» барои анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо”  ба ҶДММ ТАҚХ «Оксус» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №000083 аз санаи 08 декабри соли 2025 дода шуда, ҶДММ ТАҚХ «Оксус» мувофиқан дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил карда шуд.


Барои маълумот:

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо — ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Ҳангоми дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, пасандоздорон ҳуқуқи қонунии гирифтани ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои худ дар ташкилоти қарзӣ дошта, Хазина кафолат медиҳад, ки маблағи суғурташудаи пасандоздоронро дар доираи андозаи муқарраркардаи Қонун, ҷуброн менамояд.


Барои тамос: