Вусъат ёфтани ҳамкориҳо бо Корпоратсияи суғуртаи пасандозҳои Корея (KDIС)

Мувофиқи даъвати Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии БОР кормандони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳайати намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар семинари табодули таҷриба, шиносоӣ ва омӯзиши фаъолияти низоми кореягии суғуртаи пасандозҳо ва низоми молиявии Корея ба шаҳри Сеул, Ҷумҳурии Корея сафари хизматӣ анҷом доданд.

Сафари хизматӣ аз 23 то 28 сентябри соли равон доир гардида, дар рафти он иштирокчиён дар доираи ҷаласаву вохӯриҳо бо таҷриба ва равандҳои кории низоми кореягии суғуртаи пасандозҳо дар мисоли Корпоратсияи суғуртаи пасандозҳои Корея (KDIC), аз он ҷумла масъалаҳои танзиму назорати низоми суғуртаи пасандозҳо, идоракунии хавфҳо, идоракунӣ дар ҳолати барҳамдиҳии бонкҳо, роҳҳои батанзимдарории бонкҳо, пардохти ҷубронпулии суғурта, идоракунии дороиҳои KDIC ва дигар самтҳои фаъолияти он шинос шуданд. Ҳамзамон, дар доираи ташриф ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо раиси KDIC ва масъулини сохторҳои дигари он, инчунин бо кормандони сатҳи роҳбарикунандаи Комиссия оид ба хизматрасониҳои молиявӣ (FSC), Хадамоти назорати молиявӣ (FSS) ва Федератсияи бонкҳои Корея (KFB) мулоқотҳо гузарониданд.

Дар интиҳои сафари хизматӣ аз ҷониби ҳайати иштирокчиёни Тоҷикистон ба роҳбарияти Корпоратсияи суғуртаи пасандозҳои Корея ва дигар муассисаву идораҳо барои даъват ва дар сатҳи баланд гузаронидани мулоқот изҳори миннатдорӣ баён карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.