Вохӯрии роҳбарияти  Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо намояндагони Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналхалқӣ (GIZ)

23 июни соли 2015 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии Раиси Хазина ҷ-би Ҳакимов А.А. бо ҷ-би Себастян Фариняж роҳбари лоиҳаи GIZ дар доираи барномаи “Низом ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар рафти вохӯри масъалаи суғуртакунии пасандозҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ баррасӣ карда шуд.