Санаи 09 октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” маросими ифтитоҳи лоиҳаи “Рушди бахши молиявӣ ва хусусии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот» – и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Муассиса) амалӣ гардонида мешавад, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бо даъвати Муассиса намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ташкилотҳои қарзию молиявӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина), иштирок намуданд.
Лоиҳаи “Рушди бахши молиявӣ ва хусусии Тоҷикистон” (минбаъд Лоиҳа) аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба рушди Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 50 млн. долл. ИМА маблағгузорӣ карда шуда, он аз се қисматҳои асосӣ – суғуртакунии пасандозҳо (тақвияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо), механизми тақсимоти хавф (мусоидат ба афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурду миёна тавассути додани кафолатҳои қарзӣ) ва барномаи рушди содирот ва таҳвилкунандагони мол (таҳкими ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷираҳои истеҳсолию содиротӣ), иборат мебошад. Лоиҳаи мазкур ҳамчун тадбирҳое, ки ба рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ нигаронида шудаанд, арзёбӣ гардида, дар навбати худ он ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва нигоҳдории суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки қисмати якуми Лоиҳа бевосита ба масъалаҳои беҳтар гардонидани низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, баланд бардоштани потенсиали Хазина ва таъмини устувории молиявии он равона гардидааст, ки дар доираи он гранти сармоягузорӣ барои барқарор кардани эътимоди пасандоздорон ва маблағгузории Хазина, дастгирӣ дар самти татбиқи низоми автоматикунонидашудаи таҳияи феҳристи пасандозҳои суғурташуда, инчунин беҳгардонии раванди огоҳонӣ ва маълумотдиҳӣ ба ҷомеа, пешбинӣ шудааст.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби Муассиса оид ба лоиҳаи “Рушди бахши молиявӣ ва хусусуии Тоҷикистон”, аз ҷониби Хазина оид ба фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Замонат» оид ба фаъолияти ташкилот дар самти замонатҳои қарзӣ ва аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба агентӣ ва вусъат додани содирот муаррифиҳо пешниҳод карда шуданд. Дар анҷоми чорабинӣ оид ба масъалаҳои зикргардида саволу ҷавобҳо муҳокимаронӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн изҳорӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.