Санаи 19 майи соли 2017 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии роҳбарияти Хазина бо намояндагони Хазинаи Байналмиллалии Асъор (ХБА) ҷ-би Терри Бейли (мутахассиси ХБА оид ба бозори сармоя) ва хонум Каролина Кастеланос (иқтисодчии ХБА) баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар бонкҳо ва рафти пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашуда баррасӣ карда шуд. Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба меҳмонон оиди самтҳои асосии фаъолияти Хазина маълумот дода, қайд намуд, ки раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон тибқи тартиби муқарарршуда амалӣ шуда истодааст. Пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСП “Фононбонк” тавассути бонк агентҳои Хазина амалӣ карда мешавад.
Дар интиҳои вохӯрӣ Раиси Хазина Хакимов А.А. ба меҳмонон барои арзёбии фаъолияти Хазина изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо ХБА баҳри рушди низоми суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.