7 феврали соли 2017 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мулоқоти роҳбарияти Хазина бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҷ-би Ролф Бехрндт (Роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ), ҷ-би Ираклий Манагидзе (мушовири ҳуқуқии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ) ва хонум Зарина Одинаева (мутахассиси бахши молиявии гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ) баргузор гардид.
Дар рафти вохӯри намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ оиди ҳолати ҷорӣ дар бозори молиявии кишвар ва имкониятҳои беҳтар намудани он изҳори ақида намуданд. Роҳбарияти Хазина дар навбати худ ба меҳмонон оид ба фаъолияти Хазина ва иштироки ташкилотҳои қарзӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳо маълумот дод.
Раиси Хазина Хакимов А.А. дар интиҳои вохӯри ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии бахши молиявӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуд.