Санаи 21 октябри соли равон бо дархости Бонки Аврупоии Таҷдиди ва Рушд (БАТР), дар дафтари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон вохӯрии Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Асадулло Ғафуров бо Мушовири директори БАТР доир ба рушди бозорҳои сармоя ва асъорҳои миллӣ Ҷим Тёрнбулл баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси Хазина Манучеҳр Асоев ва координатори Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори пул ва сармоя дар Тоҷикистон Таҳмина Толибӣ низ иштирок доштанд.
Мақсади вохӯрӣ аз муҳокима намудани вазъи ҷории бозори коғазҳои қиматнок дар доираи арзёбии иқтидори рушди бахшҳои алоҳидаи бозори молиявии кишвар иборат буд. Бахусус, дар рафти мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба сегменти бозори аввалияи коғазҳои қиматноки давлатӣ, сатҳи инкишофёбӣ ва ҷолибнокии бозори мазкур аз ҷиҳати ҳаҷм, даромаднокӣ, муҳлатнокӣ, фарогирӣ ва ҷалби сармоягузорон равона гардид.
Ҷонибҳо оид ба нақш ва саҳми Хазина ҳамчун сармоягузори институтсионалӣ дар бозори молиявӣ ва иштироки он дар бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, мушкилиҳо ва монеаҳои дар ин самт мавҷуда, инчунин роҳҳои ривоҷ додани бозори мазкурро мавриди муҳокимаронӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Зикр карда шуд, ки иштироки Хазина дар доираи Гурӯҳи кории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори пулӣ ва сармоя дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва бевосита кӯмаки техникии БАТР, ки дар натиҷаи он ҳамчун яке аз қадамҳои муҳим лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии махсуси танзимкунандаи барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ омода шудааст, минбаъд дар сурати татбиқ шудан барои рушди бозори сармоя заминаҳои устувор фароҳам хоҳад овард.