Вохӯрии Раиси Хазина бо намояндагони Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон

9 феврали соли 2017 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохурии Раиси Хазина Ҳакимов А.А. бо намояндагони Дафтари ҳамкорӣ Швейтсария дар Тоҷикистон ҷ-би Рето Ваерман (Роҳбари минтақавии барномаи макроиқтисодӣ дар Осиёи Миёна), хонум Натали Бранчо (Муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария) ва хонум Малика Ибрагимова (координатори миллии барномаҳои иқтисодии Дафтари ҳамкории Швейтсария) баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯри меҳмонон ба масъалаи рушди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва омодагии Хазина ба ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Раиси Хазина ба меҳмонон дар бораи сохтор ва фаъолияти Хазина маълумоти муфассалро пешниҳод намуд. Дар навбати худ ҷ-би Рето Ваерман изҳор намуд, ки Дафтраи ҳамкории  Швейтсария дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди бахши молиявӣ ба Хазина кумаки техникӣ расонида шавад.

Дар охири вохури, Раиси Хазина ба намояндагони Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳ ба низоми суғуртакунонии пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳамкории минбаъда изҳори миннатдорӣ баён намуд.