23 январи соли 2013 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии Раиси Хазина ҷ-би Абдувосе Ҳакимов бо намояндаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҷ-би Андрей Шинкевич – мушовири пешбар оид ба бозорҳои сармояи ташкилотҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди бозори қоғазҳои қимматнок ва имкониятҳои Хазина оиди суғуртаи вомбаргҳое, ки бонкҳои ҷумҳурӣ интишор мекунанд, баррасӣ карда шуд.
Views: 3