13 июни соли 2013 вохӯрии Раиси Хазина Ҳакимов А.А. бо намояндагони Гурӯҳи кории байнимақомотии (ГКБ) Агентии ҳифзи амонатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон (АҲДҶҚ) баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба бахши молиявии хурд, махсусан фаъолияти ташкилотҳои амонатии кредитии хурд баррасӣ карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки мақсади асосии ташрифи расмии ГКБ АҲДҶҚ ба Тоҷикистон аз омӯзиши низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ҳамзамон омода сохтани консепсияи ҳифзи амонатҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Дар рафти мулоқот ҳамкасбони ду давлат мубодилаи таҷриба дар доираи соҳаи ҳифзи амонатҳо намуда, як қатор масъалаҳои дигарро аз назар гузаронида баромаданд.
Ҳангоми ташриф ба Тоҷикистон намояндагони ГКБ инчунини бо роҳбарони Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон, Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, ҶДММ ТАКХ “Дастрас” ва ҶСП ТАКХ “Боварӣ ва ҳамкорӣ” вохӯриҳо гузаронданд. Дар интиҳои ташриф намояндагони ГКБ бо натиҷаҳои вохӯриҳову мулоқотҳои гузаронидашуда, маълумотҳои гирифташуда қаноатманди баён карданд ва инчунин барои ҳамкориҳои судманди минбаъда дар соҳаи ҳифзи амонатҳо байни Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон ва Агентии ҳифзи амонатҳои Ҷумҳурии Қирғизистон қадамҳои нахустин гузоштанд.