12 декабри соли 2013 вохӯрии Раиси Хазина ҷ-би Ҳакимов А.А. бо директори Идораи душанбегии Бонки олмонии рушд (KFW) хонум Кристин Лаабс ва Менеҷери лоиҳавии рушди низоми молиявии Бонки олмонии рушд (KFW) ҷ-би Дарег Забара баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди бозори қоғазҳои қимматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд, ки Хазина ишитирокчии бозори мазкур буда, воситаҳои пулии худро ба қоғазҳои қимматнок сармоягузорӣ мекунад. Қайд гардид, ки бо ин мақсад роҳбарияти Бонки олмонии рушд (KFW) тасмим гирифтааст, ки барои ҷорӣ намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт ба Агентии қоғазҳои қимматноки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовирро ҷалб намояд.
Views: 2