Вохӯрӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

Санаи 4-уми апрели соли 2025 дар доираи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) ва ташрифи ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) Асоев М.Қ. бо ҳайати ХБА ҷаноби Эмра Сагкол (коршиноси калони молиявӣ), ҷаноби Сергей Додзин (сариқтисодчӣ), ҷаноби Тонгли Чжан (иқтисодчӣ) ва Ҷоми Чиниев (иқтисодчӣ) мулоқоти корӣ анҷом дод.

Бояд қайд кард, ки мақсади умумии ташрифи ҳайати ХБА аз гузаронидани машварат бо сохторҳои дахлдори иқтисодӣ ҷиҳати мониторинг ва арзёбии иҷроиши Барнома бо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисодию молиявии кишвар баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ иборат мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тавсияҳои шарҳи устувории бахши молиявӣ (FSSR), оид ба идоракунии буҳрон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ва нақши Хазина дар нигоҳдории суботи молиявии низоми бонкӣ, оид ба идоракунии Хазина, сохтори сандуқи сармоягузории Хазина, тағйиротҳои воридшуда ба қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ, ҳамкории Хазина бо Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои мубрами фаъолияти Хазина муҳокимаронӣ карданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Хазина ҳамчун танзимкунандаи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо фаъолияти худро тибқи қонунгузорӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба роҳ монда истодааст.

Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо фикру андешаҳои худро оид ба мавзӯи тақвият бахшидани фаъолияти Хазина, густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтарнамоии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалии Хазина, механизмҳои нигоҳдории устувории молиявӣ ҳангоми касри Хазина, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайнро ибрози назар карданд.

Дар охир раиси Хазина ба ҳайати кории ХБА барои арзёбии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва тавсияҳои минбаъда изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи амонату пасандозҳои идома хоҳад дод.