Видеоконференсия оид ба баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 29 майи соли 2018 дар дафтари кории Бонки Ҷаҳонӣ дар ш. Душанбе, дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникӣ барои беҳтар намудани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон бо иштироки гуруҳи татбиқи лоиҳа ҷ-би Тим Де Ваан (менеҷери лоиҳа), ҷ-би Россен Николов (мушовир дар соҳаи суғуртаи пасандозҳо), хонум Зарина Одинаева (сармутахассиси бахши молиявии Бонки Ҷаҳонӣ) ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Видеоконференсия баргузор гардид.

Дар Видеоконференсия масъалаи такмили сиёсати сармоягузории Хазина, инчунин тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ оиди васеъ намудани сатҳи фарогирии суғуртаи пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ҷ-би Россен Николов муфассал дар бораи зарурати ворид намудани тағйирот дар сиёсати сармоягузории Хазина ва зиёд намудани воситаҳои сармоягузорӣ он маълумот дод. Ӯ инчунин хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба васеъ намудани сатҳи фарогирии пасандозҳо дар Тоҷикисторон баён намуд. Дар рафти муҳокима мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ нисбати масъалаҳо баррасишуда фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар охир ҷ-би Тим Де Ваан ба ҳамаи иштирокчиёни Видеоконференсия барои иштироки фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуда, хоҳиш кард, ки ҳамаи иштирокчиён нисбати масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои худро то санаи 6 июни соли 2018 ба Бонки Ҷаҳонӣ ирсол намоянд.