Ташрифи коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазина

Аз санаи 10 то 19 декабри соли 2018 дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникӣ коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Россен Николов ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) ташриф овард.
Мақсади ин ташриф татбиқи қисмати навбатии лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, дар он масъалаи пурзӯр намудани иқтидори Хазина дар раванди пардохти ҷубронпулӣ ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ мавриди арзёбӣ қарор дода шуд.
Зимни ҳузури худ коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Россен Николов масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзиро баррасӣ намуда, нисбати беҳтар намудани раванди мазкур тавсияҳои худро иброз намуд. Инчунин ҷиҳати иштироки Хазина дар раванди батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои мушаххаси хешро тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешкаш намуд.
Дар рафти вохӯриҳои корӣ кормандони Хазина доир ба пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда ва ҷиҳати иштироки Хазина дар раванади батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ ба коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Россен Николов саволҳо доданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд.