Ташрифи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазина

Ташрифи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазина

22.10.2021

Санаи 20-ум ва 21-уми октябри соли 2021 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) аз ҷониби роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Тим Де Ван (роҳбари ҳайат), ҷаноби Данило Палермо (мутахассиси калони бахши молиявӣ) ва ҷаноби Россен Николов (машваратчӣ) мулоқоти корӣ баргузор карда шуд.

Мақсади ташрифи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аз гузаронидани таҳлилу арзёбӣ ва муайян намудани ҷузъиётҳои асосии лоиҳаи грантии ба нақша гирифташудаи Бонки Ҷаҳонӣ – “Рушди бахши молиявӣ ва хусусӣ” дар  ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор мебошад. Аз ҷумла, дар доираи он яке аз компонентҳои лоиҳаи мазкур масъалаи барқарор кардани эътимоди пасандоздорон ва маблағгузории Хазина мавриди назар қарор дода шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Раиси Хазина Ғафуров А.А. доир ба вазъи низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва нишондиҳандаҳои он, мушкилиҳои ҷойдошта ва раванди пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда, рафти иҷрои тавсияҳои дар доираи лоиҳаи қаблии Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳодшуда маълумот дода шуд. Инчунин, зимни ҳузури худ коршиносон оид ба масалаҳои андозаи ниҳоии маблағи Хазина ва муайян намудани он, тартиби қонеъ гардонидани талаботи Хазина дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, механизми маблағгузории касри Хазина ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ва таъмини устувории молиявии Хазина, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назари тарафайн баррасӣ карда шуданд.

Дар охир Раиси Хазина ба ҳайати коршиносон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳо изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина дар доираи лоиҳаи пешбинишуда  ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ баҳри таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.

Ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи зикргардида то санаи 29 октябри соли равон дар Тоҷикистон ҳузур дошта, вохӯриҳои иловагӣ низ дар Хазина аз рӯи масъалаҳои дигари хусусияти техникӣ дошта ба нақша гирифта шудаанд.