Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” дар ташкилотҳои қарзӣ

Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина

15.11.2021   

Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз» таҷлил мегардад, ки ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи самаранокии пасандозҳои бонкӣ мебошад.

Соли ҷорӣ низ бо тавсияи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) аз ҷониби ташкилотҳои қарзии узви Хазина бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла озмунҳо, вохӯриҳо, тренингҳо ва семинарҳо доир гардиданд, ки дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Имсол махсусан, барои баланд бардоштани маърифати  молиявии ҷавонон ва наврасон, аз ҷумла оид ба моҳияти пасандоз ва самаранок истифода кардани маблағҳои пулӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шуд.   

Мавриди зикр аст, ки дар соли ҷорӣ низ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии узви Хазина ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Фазо С”, ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”, ҶДММ ТАҚХ “Матин” ва ҶДММ ТАҚХ “Васл” бо баргузории чорабиниҳои гуногун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” фаъолона таҷлил карда шуд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ ба хонандагони мактабҳои миёна, коллеҷу донишкадаҳо чорабиниҳо аз қабили озмунҳо, вохӯриҳо ва семинарҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо презентатсияҳо доир ба мафҳуми пасандоз ва самаранокии он, саводнокии молиявӣ, қоидаҳои асосии молиявӣ ва тарзи дуруст истифодабарии маблағҳои пасандозӣ пешниҳод карда шуд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳо мазкур маълум гардид, ки савияи дониши хонандагон оид ба мафҳумҳои молиявӣ, сарфакорӣ ва истифодаи дурусти маблағҳо нисбат ба солҳои қаблӣ тадриҷан баланд шуда истодааст. Омили мазкур аз самаранокии чорабиниҳои таълимӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии узви Хазина гузаронида мешаванд, шаҳодат медиҳад.

Дар истифода аз маврид Хазина ба ташкилотҳои қарзие, ки “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз”-ро фаъолона таҷлил намуданд, миннатдории самимии худро баён менамояд.