Тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуд.

Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз санаи 25 октябри соли 2024, таҳти №000072 дода шуда дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Бояд қайд кард, ки ташкилоти қарзии мазкур дар натиҷаи ивази ном аз ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ба ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Вобаста ба ин, Тасдиқномаи ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз 19 июни соли 2023, №007 аз эътибор соқит дониста шуд.