Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Доро Молия” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуд.
Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Хазина тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба ҶДММ ТАҚХ “Доро Молия” Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз санаи 25 августи соли 2025, таҳти №000079 дода шуда, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ташкилоти қарзии мазкур дар натиҷаи ивази ном аз ҶДММ ТАҚХ “Доро Пэй” ба ҶДММ ТАҚХ “Доро Молия” таъсис дода шудааст. Вобаста ба ин, Тасдиқномаи аз ҶДММ ТАҚХ “Доро Пэй” дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2024, №000074 аз эътибор соқит дониста шуд.
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00
- Еmail:
info@idif.tj
- Сомонаи Хазина:
www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/IDIFtj