Тағйирот дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶДММ ТҚҒ “Васл” бинобар табдилёбӣ ба бонк аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо дарназардошти ин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ҶДММ ТҚҒ “Васл” аз Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо хориҷ карда шуда, узвияти он дар Хазина қатъ ва Тасдиқномаи ҶДММ ТҚҒ “Васл” аз 19 июни соли 2023, №067 аз эътибор соқит дониста шуд.