Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкило ти амонатии қарзии хурди “ Имон Интернешнл ” санаи 27 марти соли 2013 ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти №44 дохил карда шуда, ба ӯ Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 44 адад расид, ки 13-тои он бонкҳо ва 31-тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошад.
Views: 2