ҶСП “Бонки Осиё” ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомил гардид

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки Осиё” аз санаи 6 июни соли 2017 ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти №57 дохил карда шуда, ба ӯ Тасдиқнома дар бораи узвият дода шуд.

Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 46 адад расид, ки 14 – тои он бонкҳо ва 32 – тои он ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошад.