Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “АксесБонк Тоҷикистон” аз 26 сентябри соли 2012 ба феҳристи ташкилотҳои қарзие, ки ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомиланд дохил карда шуд.
ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ бо асъори миллӣ ва хориҷиро 12 сентябри соли 2012 гирифт ва ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои ворид намудани ӯ ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ муроҷиат намуд.
Мутобиқи қонунҳои амалкунанда ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» ба феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти №43 ворид карда шуд.
Ҳамин тавр, айни замон иштирокдорони низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 43 ташкилоти қарзӣ мебошанд, ки аз онҳо 13 ададашро бонкҳо ва 30 ададашро ташкилотҳои амонатии кредитии хурд ташкил медиҳанд.