Хазинаи суғуртаи пасндозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки ба Шуъбаи бонки “Тиҷорат”-и ҶИЭ дар шаҳри Душанбе Тасдиқнома дар бораи узвият дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таҳти №60 аз 25 июли соли 2018 супорида шуд.
Инчунин бо сабаби ивазшавии номи ташкилоти ҶДММ ТАҚХ “Авфар” ба ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйирот ворид карда шуда, ба ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” Тасдиқномаи нав дар бораи узвият дар Хазина дода шуд.
Ҳамин тавр, низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 42 адад ташкилоти қарзиро дар бар мегирад, ки аз он 16 ададро бонкҳо ва 26 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд.
Views: 9