Шумораи бонкҳо дар низоми суғуртакунии пасандозҳои шахсони воқеӣ ба як адад афзуд

Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 ҶСП  ТАҚХ “Спитамен Капитал” ба ҶСП “Спитамен Бонк” табдил дода шуд. Баъди аз ҷониби ҶСП “Спитамен Бонк” пешниҳод шудани ҳамаи ҳуҷҷатҳо оиди табдилдиҳӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйирот ворид намуда,  ба ҶСП “Спитамен Бонк” тасдиқномаи нав дар бораи узвият дода шуд.

Ҳамин тавр, шумораи бонкҳои узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба як адад афзуда 14 бонкро ташкил медиҳад.