Ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунаи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои соли 2022 муайян гардид
05.09.2022
Дар асоси моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва қарори Шӯрои нозирони Хазина суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Хазина) аз 26 августи соли 2022, №16 ширкати аудитории ҶДММ “Моор Стивенс” ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина барои соли 2022 интихоб ва таъин карда шуд.
Ба Раиси Хазина супориш дода шуд, ки бо ширкати аудитории ҶДММ “Моор Стивенс” шартнома ҷиҳати гузаронидани аудити Хазина барои соли молиявии 2022-ро ба имзо расонида, пас аз гузаронидани аудит хулосаи ширкати аудиторӣ ба Шӯрои нозирони Хазина пешниҳод карда шавад.
Views: 389