Рӯзҳои 26 ва 30 майи соли равон дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Таҳкими бахши молиявӣ дар Тоҷикистон – Фазаи II” дар чаҳорчубаи компоненти идоракунии буҳронӣ, аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки мушовири байналмилалӣ Россен Николов тренинг оид ба тақвияти савияи дониш ва малакаи кории кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина), дар дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ин идомаи корҳо дар самти татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии болозикр, аз ҷумла доир ба масъалаҳои амалигардонии роҳу усулҳои мушаххаси батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ, механизми батанзимдарории ташкилоти қарзӣ ба таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии мушкилодор бо мақсади кам кардани таъсири манфии он ба низоми молиявӣ-иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Дар рафти тренинг муқаррароти қонунгузории амалкунанда, механизм ва услубҳои баҳодиҳии арзиши дороиҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии мушкилотдор дар раванди батанзимдарорӣ, роҳу усулҳои гузаронидани санҷиши хароҷоти камтарин ҳангоми иштироки Хазина дар маблағгузории бонки мутавассит, инчунин ҳамкориҳои дахлдори Хазина бо Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои маълумот:
Дар соли 2018 бо мақсади ба роҳмонии низоми босамари идоракунии бӯҳронҳои молиявӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйирот ворид карда шуда, тибқи он низоми махсуси батанзимдарорӣ мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои хоси низоми молиявии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд. Воситаҳо ва усулҳои асосии батанзимдарории бонкҳои мушкилотдор тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ бо дастгирии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷорӣ карда шуданд.
Дар ин замина, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” низ тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он ваколатҳои Хазина дар раванди батанзимдарории ташкилоти қарзии узви Хазина васеъ карда шуд. Аз ҷумла, дар робита ба тағйирот дар қонунгузорӣ, иштироки Хазина дар таъмини маблағгузории ибтидоии сармояи бонки мутавассит, пешбинӣ гардидааст.
Дар ин ҷода, тартиби мушаххас ва роҳҳои пайдарпайи иштироки Хазина дар раванди батанзимдарорӣ дар маҷмӯъ таҳия ва амалӣ гардонида нашудааст. Вобаста ба ин, Хазина аз Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи кӯмаки техникии дахлдорро оид ба батанзимдарории ташкилоти қарзӣ, гирифт, ки яке аз ҷузъҳои дастгирии техникии кунунии Бонки Ҷаҳонӣ ба интиқоли дониш ва афзоиши иқтидори Хазина баҳри иҷрои босамари ваколати ба он вогузоршуда оид ба батанзимдарории ташкилоти қарзӣ нигаронида шудааст.
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00
- Еmail:
info@dif.tj
- Сомонаи Хазина:
www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj