Рӯзҳои 1 – 2 апрели соли равон дар доираи лоиҳаи баланд бардоштани иқтидори Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина), ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) роҳандозӣ шудааст ва ҳадафи он таҳкими низоми устувории молиявӣ дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба такмил додани низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва бевосита устувории низоми бонкӣ мебошад, семинар – машварат бо иштироки кормандони ташкилотҳои қарзии узви Хазина, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазина дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси” ташкил ва гузаронида шуд.
Сараввал чорабинии мазкурро Директори минтақавии БОР ҷаноби Ко Сакамото ифтитоҳ намуда, доир ба ҳамкориҳои самараноки байни БОР ва Хазина ва омодагии минбаъдаи БОР барои дастгирии ислоҳоти низоми молиявии Тоҷикистон суханронӣ кард.
Сипас, аз ҷониби ҳайати коршиносони БОР таҳти роҳбарии Сон Су Ким (мутахассиси калони бахши молиявии БОР), доктор Матсей Стерн Стержински (мушовири БРО ва коршиноси соҳаи молиявӣ), Ҳана Ким ва Б.Ли (коршиносони Корпоратсияи суғуртаи пасандозҳои Корея) ба диққати иштирокчиён дар мавзӯҳои мубрами соҳа ва таҷрибаҳои байналмилалӣ, рӯнамоӣ пешкаш карда шуд.
Дар навбати худ, аз ҷониби раиси Хазина Асоев М.Қ. низ ба диққати иштирокчиён дар шакли рӯнамоӣ дар бораи вазъи кунунии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар Тоҷикистон, камбудиҳои мавҷуда ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо ба ҳозирин баромад пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни семинари ду рӯза, масъалаҳои мухталиф оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, васеъ намудани фарогирии суғуртаи амонату пасандозҳо ҷиҳати таъмини ҳимояи пасандозҳо, баланд бардоштани устувории молиявии Хазина тавассути такмили стратегияҳои сармоягузорӣ, гузариш ба низоми мониторинги ба хавф асосёфта, мутобиқсозии Хазина ба стандартҳои байналмилалии муқаррарнамудаи Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандагони амонатҳо (IADI) ва дигарҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Семинар бо мубодилаи афкор ва муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда ҷамъбаст гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти таҳкими низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва устувории молиявӣ дар Тоҷикистон иброз доштанд.

















- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00
- Еmail:
info@dif.tj
- Сомонаи Хазина:
www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj