Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо (“World Savings Day”) ҳамасола санаи 31 октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад, ки ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи самаранокии пасандозҳои бонкӣ ва баландбардории саводнокии молиявии шаҳрвандон мебошад. Ин рӯз ҳамчун ёддошти муҳим барои омаи васеъ оиди аҳамияти баланд бардоштани маърифати молиявӣ, ташаккули одати банақшагирии молиявӣ, сарфакорӣ ва пасандозгузорӣ, аҳамияти пасандозҳо барои афзун намудани некӯаҳволии шахсӣ, вазъи молиявии оила ва билохир таъсири мусбии он ба бахши бонкӣ-молиявӣ ва рушди иқтисоди давлат, баромад менамояд.
Таърихи пайдоиши Рӯзи умумичахонии пасандозҳо. Таърихи қайд кардани Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо аз Конгресси якуми бонкҳои амонатии 29 кишварҳои дунё, ки дар шаҳри Милан (Итолиё) сад сол муқаддам, яъне соли 1924 баргузор гардида буд, оғоз меёбад. Бо пешниҳоди Филиппо Равизза ном профессори итолиёвӣ рӯзи охирини конгресси мазкур “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо” эълон ва аз ҷониби иштирокчиёни он дастгирӣ гардид. Ҳадаф аз ин, ҷалби бештари диққат ба масъалаҳои саводнокии молиявӣ ва нақши пасандозҳо, пайваста тарғибу ташвиқ намудани аҳли ҷомеа оиди афзалиятҳои амонат гузоштани пулҳои худ дар бонкҳо назар ба нигоҳдории онҳо дар хонаву зери “матрасҳо” буд. Аз он вақт то инҷониб, Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ қайд карда мешавад.
Аҳамияти амонату пасандозҳо. Пасандозҳо ва амонатугузорӣ бинобар омилҳои мухталиф дар банақшагирии молиявӣ ва устувории вазъи молиявӣ аҳамияти калон мебозад, аз ҷумла:
– Ташкили захираҳои молиявӣ, ба истилоҳ “болишти бехатарии молиявӣ”. Мавҷудияти маблағҳои захиравӣ барои бардошти хароҷотҳои пешбининашуда, аз қабили хароҷотҳои тиббӣ, ҳолатҳои фавқулодда ё муваққатан бекор мондан, кӯмак мерасонад. Бо ин мақсад, коршиносон барои доштани маблағҳои захиравӣ, ки ба 3-6 моҳи хароҷотҳои оилавӣ баробар аст, тавсия медиҳанд.
– Ноилгардӣ ба ҳадафҳои молиявӣ. Пасандозҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни зиндагӣ кор меоянд, аз ҷумла харид ё таъмири хона, мошин, таълими фарзандон, саёҳат ва ғайра. Банақшагирии дуруст, ҷамъ ва пасандоз намудани маблағ минбаъд аз гирифтани қарзи зиёдатӣ ва сарбории молиявӣ бевосита эмин медорад.
– Сармоягузорӣ барои оянда. Мунтазам пасандоз намудани маблағҳои озоди худ метавонанд барои сармоягузории ба коғазҳои қиматнок (саҳмия, вексел, вомбарг), амволи ғайриманқул минбаъда ва дигар воситаҳои молиявии боэътимод, ки барои дар оянда андӯхт ва зиёд намудани маблағҳои озод мусоидат менамояд, истифода бурда шавад.
– Ташаккули одати пасандозкунӣ. Пасандозкунӣ барои инкишофи интизому масъулияти молиявӣ мусоидат намуда, ҷиҳати идоракунии беҳтари буҷети молиявии худӣ ва канора гирифтан аз қарзгирии нолозим кӯмак мерасонад.
– Мусоидат ба рушди иқтисодиёт. Дар сатҳи мамӯъӣ пасандозу пасандозкунӣ ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад, зеро чӣ қадаре ки аҳолӣ маблағҳои худро дар ташкилотҳои қарзӣ зиёдтар пасандоз намояд, ҳамон қадар заминаи захиравии бонкҳо зиёд ва барои маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт (соҳибкорӣ, сохтмон, инфрасохтор) равона мегардад.
Аҳамияти бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар афзун намудани ҳаҷми пасандозҳо, бахусус тавассути ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоби бонкӣ надоранд, зиёд мебошад. Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар ин раванд бо пешниҳоди доираи васеи маҳсулотҳои амонату пасандозӣ, гузаронидани чорабиниҳо ва паҳнкунии маълумот дар бораи хизматрасониҳои худ, мизоҷон ва аҳолиро барои пасандозкунӣ ҳавасманд менамоянд.
Дар соли ҷорӣ низ аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии узви Хазина бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо як қатор чорабиниҳои баландбардории саводнокии молиявӣ, аз ҷумла маъракаҳои иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аксия ва озмунҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ доир намуда, дар онҳо ба моҳияти амонату пасандозҳо, аҳамияти банақшагирии молиявӣ ва идоракунии молиявии шахсӣ, истифодаи босамари маблағҳои пулӣ ва буҷети оилавӣ, дар бораи афзалиятҳо ва хусусиятҳои суғуртаи амонату пасандозҳо, суғурта гардидани амонату пасандозҳои пасандоздорон аз ҷониби Хазина, ваколат ва вазифаҳои Хазина, сатҳи фарогирии суғуртаи амонату пасандозҳо, андозаи ҷубронпулӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Рӯзи байналмилалии пасандозҳо на фақат барои андеша намудан оиди молияи худ, балки имконият барои гирифтани донишу иттилооте, ки вазъи молиявиро беҳтар месозанд, кӯмак мерасонад. Муҳиман бояд дар хотир дошт, ки ҳатто он маблағҳои хурде, ки мунтазам барои пасандозкунӣ равона мешаванд, билохир метавонанд ба натиҷаҳои молиявии назаррас оварда расонанд. Чуноне ки мегӯянд “қатра қатра ҷамъ шавад, дарё шавад”. Саводнокии молиявӣ ва қобилияти идора кардани маблағҳои худ аз омилҳои калидие мебошанд, ки ба ҳар фард барои ноил гардидан ба мақсад ва дар оянда таъмини устувории молиявии худ хизмат мерасонанд. Пайваста баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва пасандозкунӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба некӯаҳволии худӣ ва наслҳои оянда ба ҳисоб меравад.
Дар истифода аз маврид Хазина ба ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, ки Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳоро фаъолона таҷлил менамоянд миннатдории самимии худро баён менамояд.
Барои маълумот: Маслиҳатҳои амалӣ ҷиҳати пасандоз ва андӯхт намудани маблағ
- Буҷети худро таҳия намуда, даромаду хароҷотҳои худро мушаххас намоед, то ин ки муайян карда тавонед, ки чӣ қадар маблағро шумо метавонед ҳар моҳ як тараф монда, ба пасандозкунӣ шурӯъ намоед.
- Дар ташкилоти қарзии узви Хазина бо мақсади пасандоз намудан суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ кушоед. Барои нигоҳдории бехатарии маблағҳои худ ва пешгирӣ аз хароҷотҳои беҳуда, ҳатман дар ташкилоти қарзии дорои тасдиқномаи узвият дар Хазина суратҳисоби амонатӣ кушоед.
- Фарзандони худро оиди аҳамияти сарфакорӣ ва канораҷуӣ аз харофоти беҳуда, инчунин афзалиятҳои пасандозкунӣ бархӯрдору ҳавасманд намоед.
- Ҳадафгузорӣ намоед, ки ба кадом мақсад шумо мехоҳед пасандоз кунед (сафар, рухсатии меҳнатӣ, хариди мошин, хона ё барои пешбурди рӯзғор ҳангоми ба нафақ баромадан), ки ин дар навбати худ шуморо ҳавасманд менамояд.
- Пасандозкуниро ба таври автоматӣ ташкил намоед, яъне дар лаҳзаи гирифтани музди меҳнат ё даромади иловагӣ, гузаронидани маблағи муайяни худро ба суратҳисоби алоҳидаи амонату пасандози бонкӣ ба таври автомать пешбинӣ намоед. Қадами мазкур барои харҷ накардани маблағе, ки барои пасандозкунӣ ба нақша гирифта шуда буд, ёрӣ мерасонад.
- Воситаҳои молиявии гуногун, аз ҷумла маҳсулот ва роҳҳои пасандозкунӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди суратҳисобҳои амонату пасандози бонкӣ, коғазҳои қиматнокро дар бозори молиявӣ омӯзед. Интихоби воситаи молиявии дуруст амонатҳои шуморо метавонад ба таври назаррас зиёд намоянд.
- Хароҷотҳои нолозимро коҳиш диҳед. Хароҷотҳои истеъмолии худро таҳлил намуда, аз миёни онҳо хароҷоте, ки метавонад коҳиш дода шавад (масалан, сарфаи қувваи барқ, об, хароҷотҳои беҳуда ва хизматрасониҳое, ки шумо истифода намебаред), ҷудо намоед.
- Аз ҳолати молияи худ бохабар бошед ва мунтазам буҷети худро тафтиш намоед, то ин ки бовари ҳосил намоед, ки шумо дар раванди нолгардӣ ба мақсадҳои молиявии гузоштаи худ қарор доред.
- Контактый центр: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@idif.tj
- Сайт Фонда: www.dif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/IDIFtj