Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон

31 октябр – Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо дастгирии Барномаи GIZ “Низом ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон” (FFPSD) санаи 31 октябри соли 2013-ро ба ташкилотҳои қарзӣ Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон (World Saving Day) эълон намуд.

Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон санаи 31 октябр қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ чорабиниҳои гуногун аз қабили озмун ва иқдомҳои марбут ба ҷалби пасандозҳо, пешниҳоди намудҳои нави хизматрасониҳои пасандозӣ, вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба фаҳмонидани моҳияту аҳамияти пасандозҳо ва ғайраро баргузор менамоянд. Мақсади ин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва ҷалб намудани маблағҳои озоди шахсони воқеӣ ба низоми бонкии кишвар мебошад.

Таърихи қайд кардани Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон аз конгресси якуми бонкҳои амонатии 29 кишварҳои дунё, ки дар шаҳри Милан (Итолиё) соли 1924 баргузор гардида буд, оғоз меёбад. 31 октябри соли 1924 дар рӯзи охирони конгресс профессори итолиёвӣ Равизза пешниҳод намуд, ки бахшида ба конгресси якуми бонкҳои амонатии кишварҳои дунё ин рӯз ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон қайд карда шавад. Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозгузорон дар бисёр кишварҳои дунё аз ҷумла Олмон, Австрия, Корея, Озорбойҷон, Русия, Белорусия, Украина ва Молдова ҷашн гирифта мешавад.