Таърихи Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо аз соли 1924 вақте, ки дар шаҳри Милан (Италия) намояндагони хазинаҳои пасандозӣ аз 29 давлати дунё барои аввалин конгресси махсуси байналхалқӣ ҷамъ омадаанд, ибтидо мегирад. 31 октябри соли 1924 дар рӯзи охирини конгресс профессори италиявӣ Равизза пешниҳод намуд, ки ба хотири ҷаласаи якуми муассисаҳои бонкии пасандозии ҳамаи кишварҳо ҳар сол ин рӯз ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо” таҷлил карда шавад.
Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо ё чӣ хеле ки бо ибораи дигар мегӯянд Рӯзи умумиҷаҳонии сарфа барои мардуми тамоми ҷаҳонро огоҳонидан оид ба ғояи нигоҳдории пулҳо дар бонк, на ин ки дар зери болин таъсис дода шудааст.
Мақсади ҷашнгирии ин рӯз дар тӯли таърих ин сарфаи пул барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъминоти бехатарии иқтисодиёт мебошад.
Имрӯз, дар саросари ҷаҳон ҷашнгирии ин рӯз идома дорад, аз ҷумла дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ рӯзи 31 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз (World Savings Day)-ро ҷашн мегиранд.
Дар ин рӯз ташкилотҳои қарзӣ чорабиниҳои гуногун ба монанди викторинаҳо, аксияҳо, ба роҳ мондани маҳсулоти нави пасандозӣ, вохӯриҳои таълимӣ бо аҳолӣ дар бораи аҳамияти пасандозҳо баргузор мекунанд ва дар ВАО видеороликҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ ҷойгир мекунанд. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ ва ҷалби пули нақди шахсони воқеӣ ба низоми бонкии кишвар мебошад.
23.10.2019 Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд
Санаи 23 октябри соли равон дар доираи ташрифи ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии Рушд (БОР), дар дафтари намояндагии БОР дар Тоҷикистон вохӯрии Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Асадулло Ғафуров бо иқтисодчии бахши молиявии БОР Александер Ҷулиан баргузор гардид.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷонибаи Хазина бо БОР дар доираи барномаи дастгирӣ ва лоиҳаҳои кӯмаки техникӣ буда, зимни он масоили баррасии дархости Хазина ҷиҳати дарёфти кӯмаки техникӣ ва дар ин ҷода муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳо ва лоиҳаҳои имконпазир, аз он ҷумла дар самти дастгирии механизми маблағгузории Хазина ҳангоми ба вуҷуд омадани касри маблағи Хазина, дар самти баланд бардоштани потенсиали Хазина дар фаъолияти таблиғотӣ ва ташвиқотӣ оид ба низоми суғуртаи пасандозҳо, инчунин дар самти балад бардоштани сатҳи тайёрии касбӣ ва малакаи кории кормандони Хазина мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои мулоқот бархурдор шуда, дар навбати худ иқтисодчии бахши молиявии БОР Александер Ҷулиан изҳори ҳавасмандӣ намуд, ки ҳар як арзу пешниҳодҳои Хазина барои дарёфти кӯмаки техникӣ аз ҷониби БОР мавриди баррасии амиқ қарор дода хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин муовини Раиси Хазина Манучеҳр Асоев, иқтисодчии намояндагии БОР дар Тоҷикистон Муҳаммади Бобоев ва мушовир оид ба бахши молиявӣ Фируз Катаев иштирок намуданд.