Соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ санаи 31 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳоро (World Saving Day) ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз ташкилотҳои қарзии ҶСК “Агроинвестбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк”, ҶСП “Казкоммерстбонк Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва ҶСП ТАҚХ “Хумо” як қатор чорабиниҳо, аз қабили озмун ва иқдомҳои марбут ба ҷалби пасандозҳо, пешниҳоди хизматрасониҳои нави пасандозӣ, ташкили вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба фаҳмонидани моҳияту аҳамияти пасандозҳо, пахш намудани маводҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба маҳсулотҳои пасандозӣ дар воситаҳои ахбори умумро амалӣ намуданд. Мақсади ин чорабиниҳо баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолии ҷумҳурӣ ва ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар мебошад.
Таърихи қайд кардани Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо аз конгресси якуми бонкҳои амонатии 29 кишварҳои дунё, ки дар шаҳри Милан (Итолиё) соли 1924 баргузор гардида буд, оғоз меёбад. 31 октябри соли 1924 дар рӯзи охирони конгресс профессори итолиёвӣ Равиз-за пешниҳод намуд, ки бахшида ба конгресси якуми бонкҳои амонатии кишварҳои дунё ин рӯз ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо қайд карда шавад. Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо дар бисёр кишварҳои дунё аз ҷумла Олмон, Австрия, Корея, Озорбойҷон, Русия, Белорусия, Украина, Грузия ва Молдова ҷашн гирифта мешавад.