Модарону бонувони азиз!
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ва ифтихор тамоми модарон ва бонувони азизро бо фарорасии иди зебои баҳор – Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, барояшон умри дарозу зиндагии осуда, шукуфоӣ, бахту иқболи наку ва саодатмандиро орзу менамояд.
Бигзор дар чеҳраҳоятон ҳамеша табассум, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон равшан ва пурфайзу пурбаракат бошад!
Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!
Views: 28