“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистоон ҳамаи ҳамватанонро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.
30 сол муқаддам 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Қабули Конститутсия дар мамлакат як ҳодисаи муҳим буд, ки он роҳҳои минбаъдаи рушди давлатдории Тоҷикистонро дар давраи истиқлолият муайян намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд. Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёри конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.
Бо мурури вақт ва ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйиру иловаҳо ба вуҷуд омад, то ки меъёрҳои он ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷавобгӯ бошанд. Бо назардошти ин ва бо мақсади такмили низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, то ин муддат якчанд ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Бо инкишофи давлат ва ҷамъият 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо бо роҳи райпурсии умумихалқӣ ворид карда шуданд.
Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даҳ боб ва 100 модда иборат буда, масъалаҳои муҳимтаринро танзим намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳуқуқии тамоми саҳаҳои ҳуқуқи Тоҷикистон мебошад.
Масалан, боби якум асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар кардааст. Тибқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Боби дуюм ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Мутобиқи он:
– ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд;
– ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад;
– ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин;
– ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад;
– манзили шахс дахлнопазир аст ва ғайраҳо.
Мувофиқи боби сеюми Конститутсия парламенти ҷумҳурӣ – Маҷлиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Тибқи Конститутсия (Боби чаҳорум) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Конститутсия муқаррар кардааст, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Конститутсия масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд. Тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Моҳият ва аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо, ҳамватанони гиромӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандорӣ ва рӯҳу илҳоми тоза орзу намуда, 30-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Конститутсияи кишвари азизамонро бароятон табрик ва муборакбод мегӯем.
- Контактый центр: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@idif.tj
- Сайт Фонда: www.dif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/IDIFtj