Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити берунии фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2014 анҷом меёбад, озмун эълон мекунад.
Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дархости молиявии худро барои гузаронидани аудит бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва мӯҳлати гузаронидани аудит пешниҳод намоянд. Нархи гузаронидани аудит бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ва хароҷоти дигарро дарбар бигирад.
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 1 октябри соли 2014 муқаррар шудааст.
Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишони зерин ирсол намоянд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734060,
ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2,
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ
тел.: + (992) 44 600 32 45; + (992) 44 600 35 42
е-mail: info@idif.tj, web-site: www.idif.tj.