Оиди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ дар ҶСП “Бонки Осиё”

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки санаи 30 апрели соли 2021 аз ҷониби суди иқтисодии шаҳри Душанбе қарор (ҳалнома)-и суд оид ба оғози мурофиаи барҳамдиҳии маҷбурӣ нисбати ташкилоти қарзии ҶСП “Бонки Осиё” қабул гардид. Бар асоси қарори суд дар ташкилоти қарзии мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ҳолати суғуртавӣ ба вуқуъ омад, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ҶСП “Бонки Осиё” гардид.  

ҶСП “Бонки Осиё” узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ буда, Хазина бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи маблағи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонк ҷойгиранд, ба пасандоздорони ҶСП “Бонки Осиё” пардохт менамояд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на зиёда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 30 000 сомонӣ ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на зиёда аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 21 000 сомонӣ мебошад.

Пардохти ҷубронпулии суғурта бо тартиби муқарраркардаи Қонун аз ҳисоби маблағҳои Хазина тавассути бонк-агенти интихобшуда дар муҳлати на дертар аз 14 рӯз пас аз санаи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ оғоз мегардад. Хазина дар муҳлати мазкур эълонҳои ахборотиро оиди санаи пардохти ҷубронпулӣ, ҷой ва вақти пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути нашрияи расмии чопӣ, сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои иртиботи оммавӣ интишор ҳоҳад кард.       

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина (www.idif.tj) дастрас намоед.

Барои маълумот:

Маводи иттилоотии ДАСТУР БА ПАСАНДОЗДОРОН

Саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)