Оид ба васеъ гардидани фарогирии суғуртаи амонату пасандозҳо

Оид ба васеъ гардидани фарогирии суғуртаи амонату пасандозҳо

19.06.2023

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки имрӯз санаи 19 июни соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» мавриди амал қарор гирифт.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридгардида доираи объект­ҳои ҳатмии суғурта васеъ гардида, минбаъд аз ҷониби Хазина дар қатори пасандозҳои шахсони воқеӣ, суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо суғурта фаро гирифта мешаванд (то мавриди амал қарор гирифтани қонуни болозикр танҳо пасандозҳои шахсони воқеӣ суғурта карда мешуданд).

Вобаста ба ин, номи қонун дар таҳрири нав — «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» ва номи Хазина –«Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» номгузорӣ карда шудааст.

Барои маълумот: Шарҳи бештари тағйироти Қонун