Оид ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Санаи 20 апрели соли 2020 Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расонида шуд. Ёддошти мазкур дар доираи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба “Баланд бардоштани сатҳи суғуртакунии пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки яке аз қисматҳои татбиқшавандаи он таҳия ва ба расмият даровардани Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба ҳисоб мерафт, омода гардидааст. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Ёддоштро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – раиси Хазина Ғафуров Асадулло Абдушукурович ба имзо расониданд.

Мақсади Ёддошти мазкур аз густариш ва таҳкими ҳамкории тарафайн, муайян намудани расмиёт ва механизми доимоамалкунанда барои ҳамкориҳо, мубодилаи ҷории маълумот, дастгирӣ намудани раванди иҷроиши босамари мақсадҳои дар қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншуда, инчунин ба роҳ мондани раванди ҳамоҳангсозии амалҳо баҳри таъмини фаъолияти муназзами низоми суғуртаи пасандозҳо ва нигоҳдории суботи молиявии низоми бонкии кишвар иборат мебошад.

Маълумоти иловагӣ:

Дар бораи Хазина