Оғози татбиқи лоиҳаи кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазина

Бо мақсади беҳтар намудани суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кумаки техникӣ ҷудо карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ҳафтаи гузашта оғоз гардид. Дар доира лоиҳаи мазкур аз санаи 9 то 13 октябри соли 2017 гуруҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳайати ҷ-би Тим де Ваан (роҳбари гурӯҳ), ҷ-би Николов Россен (мушовир оид ба суғуртаи пасандозҳо) ва хонум Зарина Одинаева (роҳбари минтақавии лоиҳа) ба Хазина ташриф оварданд.
Дар ҷараёни вохуриҳои корӣ роҳбарияти Хазина ба гуруҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ оиди низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва фаъолияти ҷории Хазина, дар бораи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” маълумоти муфассалро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 45 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад. Аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ барои омода намудани тавсияҳо маълумотҳои таҳлилию омори дархост карда шуд, ки он аз ҷониби кормандони Хазина саривақт пешниҳод карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур гурӯҳии кории Бонки Ҷаҳонӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ низ вохӯриҳои корӣ гузаронид, ки дар он самтҳои беҳтар намудани суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар низоми бонкӣ баррасӣ карда шуд.