Ҳамдиёрони азиз!
Аҳли кормандони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанони азизро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику муборак гуфта, аз самими қалб рӯзгори ободу осоишта, саломатии бардавом, бахту иқбол ва комёбиҳои беназирро орзу менамояд.
Иди бостонии Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.
Бинобар ин, дар остонаи ҷашни бузурги Наврӯзи навбаҳор бори дигар орзу менамоем, ки тамоми ниятҳои неку созандаи Шумо амалӣ гардида, дар хонадонатон доимо шодиву фараҳ, файзу баракат ва рӯзгори орому осуда поянда бошад.
Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод.
Наврӯзатон Муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
- Маркази тамос:
(+992) 44 600-66-00
- Еmail:
info@dif.tj
- Сомонаи Хазина:
www.dif.tj
- Фейсбук: Deposit Insurance Fund Tajikistan
- Телеграм:
t.me/DIFtj